БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ АСОСИИ ҲХДТ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТИ СОКИНОН АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо мақсади ҳарчи бештар тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ бо ҷомеа  вохӯрии навбатӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид. 

Зимни баргузории мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар мавзӯи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, хурофоту бегонапарастӣ, терроризму экстремизм ҳамчун омили хатарноки замони муосир, пешгирӣ аз нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои коррупсионӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба ихтирооту навоварӣ, хизмат ба сафи Артиши миллӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботи соли 2020, ки масъулияти баландро тақозо мекунад, андешаронӣ намуд.

Мавсуф дар идома таъкид дошт, ки  ҳадафу мақсадҳои ҲХДТ ба хотири рушди зиндагии сокинон равона карда шудааст ва ҳар яки моро лозим аст  барои расидан ба зиндагии босаодат пайваста талош варзем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg