БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР РОҲИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ҲАМЕША ОМОДА ҲАСТЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо сокинон дар ташкилоти ибтидоии «Андиҷон»-и  ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ  баргузор шуд. 

Мавзӯи суҳбат мубориза бо терроризм ва экстремизм интихоб гардида, дар ин бобат андешарониҳо шунида шуд.

Дар идомаи суҳбат қайд гардид, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои нопоки худ гурӯҳҳои террористӣ аз шиорҳои мазҳабҳои ба миллати мо бегона истифода бурда, сафи тарафдорони хешро аз ҳисоби ҷавонони бетаҷриба, камсавод, гумроҳ ва аз дину мазҳаби асл ноогоҳ зиёд мекунанд. Мутаасифона, ҷавонони мо низ ба ин дассисаҳо дода шуда, берун аз кишвар худро қурбони амалҳои нопоки онҳо кардаанд.

Вобаста ба ин ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд малакаи муқовимат ба зуҳуроти номатлуби экстремизм ва терроризмро дошта бошад. Зеро маҳз чунин ҷаҳду талош метавонад барои пешгирии шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мусоидат намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg