БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН ДАР ОБОДОНИИ ДЕҲОТ САҲМИ БОСАЗО ГУЗОШТА ИСТОДААНД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии  деҳаи  “Ҳайдаробод”-и  Ҷамоати  деҳоти  Наврӯзи  ноҳияи  Носири  Хусрав  оид  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҳизбӣ хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид.

Масъулини  Кумитаи  иҷроия дар  чорабинӣ  иштирок  намуда,  қайд карданд, ки  солҳои  2019-2021 Солҳои  рушди  деҳот, сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ  эълон  гардидааст. Аз ин рӯ сокинони  деҳаро  зарур  аст,  барои  дар  сатҳи  зарурӣ  ба  роҳ  мондани  корҳои  ободонӣ, беҳтар  намудани  симои  деҳа  ва таъмини шароити хуби зиндагӣ ба  мардум  дар  корҳои  ободонӣ  диққати  ҷиддӣ  диҳанд.

Дар идома аз ҷониби ҷамъомадагон пешниҳод дастгирӣ ёфта, ҳамовозии хешро барои сангфаркунии роҳҳо ва таъмири муассисаи таълимии деҳа баён доштанд.  Дар  қисмати   амалии  чорабинӣ бошад, Аксияи  ҳизбии  “Якҷоя  ҳал  мекунем!” доир гардида, бо  дастгирии сокинон дар деҳа чоҳи амудӣ барои оби нӯшокӣ омода карда шуд, ки дар оянда барои сокинон хизмат хоҳад расонд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg