
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳия вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар суҳбат масъулин дар бораи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии ВИЧ/СПИД, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, огоҳонидани онҳо аз хатарҳои терроризму экстремизм ва ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро суханронӣ намуда, ҷавононро барои аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, донишандӯзиву аз бар кардани касбу ҳунарҳои мардумӣ, ки ояндаи Тоҷикистон аз ҳар як ҷавони бонангу номус вобатстагии амиқ дорад, ҳидоят намуданд.