
ДАНҒАРА. Хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Шабафрӯз”- и ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара баргузор гардид.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроия вобаста ба пешравиҳои ҲХДТ дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷумла дар тӯли 25 соли фаъолияташ суханронӣ намуд.
Масъулин оид ба ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумат -аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурра таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқи маҳаллӣ, таъмини сокинон бо маводи ғизоии худдӣ низ андешаронӣ карданд.
Дар охири суҳбат сокинон барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон то ҷашни 30 - солагии Истиқлолият давлатӣ ба корҳои созандагӣ раҳнамоӣ карда шуданд.