
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар маӽаллаи ба номи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати шаӽраки Ӽулбуки ноӽияи Восеъ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Иштирокдорони ҷамъомад аз баромад дар бораи хатари афзояндаи терроризму экстремизм, сабаби шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, роҳҳои аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, оқибати фоҷиабори бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона, истифодаи ғайримақсадноки технологияи муосир ва дигар самтҳои мазкур маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.
Дар қисмати амалии Аксияи ӽизбӣ «Якҷоя ӽал мекунем!» аз ӽисоби соӽибкори маӽаллӣ дар деҳа, ки сокинон аз надоштани оби босифати ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд, хати оби нӯшоки гузаронида шуд.