
ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии “Чорбоғ”-и Ҷамоати деҳоти “20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бо сокинон дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ» вохӯрии судманд доир карданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ки имрӯзҳо ҷомеаро ба ташвиш овардааст, сухан гуфта, таъкид доштанд, ки агар ҷомеа солим бошад давлат устувору пойбарҷо мемонад. Аз ин хотир мо шаҳрвандон баҳри ҳифзи сиҳатии омма талош варзем ва қоидаҳои санитарию гигиениро роия кунем.