Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ФАЗОИ ТИНҶУ ОРОМИ МАМЛАКАТ ВА ОСУДАГИИ МАРДУМ ВОЛОТАР АЗ ҲАМА АРЗИШҲОСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба 25-солагии таъсисиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «ҶДММ Мавлоно»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат доир ба мавзӯҳои  Истиқлолияти давлатӣ, моҳияти хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамалакат, пешгирии ҷавонон аз гурӯҳҳои характери террористиву ифротидошта андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки ҳар амале, ки ба манфиати давлат ва ҷомеа мебошад, ин хизмат ба Ватан аст. Ба ин хотир мо фаъолони ҷомеа бояд ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, онҳоро барои ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, Ватани азизамон Тоҷикистон талқин намоем.

Сипас дар идома самтҳои дигари афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, байни кормандони ҳизбӣ ва ҷамъомадагон суолу посухҳо сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg