БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ДУЮМИН ДАВЛАТИ АМНТАРИН ДАР ДУНЁ

Ҷайҳун. Дар доираи Соли баланд варбоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии  «Фотеҳон» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар  рафти чорабинӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки зимнан масъулияти волидайн дар таълиму тарбия ва раванди инкишофи кӯдак нақши бағоят бузург дорад. Ба волидайн лозим аст, ба кӯдаки худ таълиму тарбияи дуруст диҳанд, зеро ӯ ба ин ҳаққу ҳуқуқи комил дорад.

Агар падару модар фарзанди худро бо гуфтор ё амал тарбияи нек дода бошад фарзанд ҳам ба онҳо пайравӣ карда, дар ҷомеа корҳои некро анҷом медиҳад.

Таълиму тарбияро набояд ночиз шумурд. Кӯшиш ва фидокориҳои як падар ё модар барои тарбияи дурусти фарзанд аз заҳмати садҳо муҳандис, олиму сиёсатмадори дигар мураккабу арзандатар аст.

Ҳамчунин, дар охири чорабинӣ қайд кард шуд, ки Маркази таҳлилии амрикоӣ Gallup дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё кишварҳоро радабандӣ карда, Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам ҷой додааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg