БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБ МАНБАИ ХАЁТ ВА ҲАСТИИ ҲАМАИ МАВҶУДОТИ ОЛАМ АСТ

ҶайҲун. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии  «Тутзор» бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан дар рафти чорабинӣ масъулин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, қайд кард, ки оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад.

Гузашта аз ин дар рафти чорабинӣ таъкид шуд, ки кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин нигоҳ медорад.

Инчунин, самтҳои дигари афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки аз ин вохӯрии судманд ҳамагон ба худ таассуроти нек бардоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg