
ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Субҳ»-и ҷамоати деҳоти Фахробод суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардида, мавсуф дар бораи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ҳарф зада, қайд кард,ки хизмат ба Ватан нишонаи далериву шуҷоат ва мардонагист. Аз ин хотир вазифаи мо масулин бо роҳи тарғибу ташвиқи созанда дар ниҳоди онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ мебошад.
Сипас. Дар идома самтҳои дигари афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баррасӣ карда шуда, ба суолҳои ҷамъомадагон посухҳои мушаххас гардонида шуд.