![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20191126_103305_0.jpg?itok=BJDgEuAo)
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Даҳонпизишк” хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.
Зимни баромад масъулин зикр карданд, ки солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. Аз ин рӯ ҲХДТ бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияи замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад. Дар баробари дигар омилҳои хатарзо ба генафонди миллат паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, махсусан бемориҳои ВНМО АНМО (ВИЧ/СПИД) ва гепотити С бисёр ташвишоваранд. Аз ин рӯ донистани бемориҳо, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва инкишофи авҷгирии онҳо барои табибони маркази даҳонпизишк зарурӣ мебошад.