БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ҲИФЗИ СОЛИМИИ МИЛЛАТ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ АСОСИИ ҲХДТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Бобуна” хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Масъулин дар суҳбат  қайд карданд, ки Ҳукумати мамлакат  оид ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст.   Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад. Дар ин масъала табибонро лозим аст, ки сатҳу сифати хизматрасониро беҳтар карда, муносибатро бо шахсони бемору корафтода беҳтар намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, ки мо дар оянда ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg