БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН – ИНТИХОБОТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо ҷавонон, аъзои бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Норак доир гардид.

Дар мулоқоти мазкур масъулин оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  маъракаҳои муҳими дарпешистода, бахусус интихобот ва дигар масълаҳои муҳим баромадҳо намуда, ҷавононро қувваи бузург ва неруи созандаю ташаббускор муаррифӣ карданд,  онҳоро ба интихоби дурусти касбу ҳунарҳои гуногун дар зиндагӣ роҳнамоӣ намуданд.

Инчунин, дар идома   зикр гардид, ки истиқлолият, ваҳдат ва дигар муқаддасоти миллӣ арзишҳое ҳастанд, ки асоси пойдорӣ ва оромию осудагии ҳар як халқу миллат мебошад. Дар ин замина барои устувории пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ моро зарур аст, ки пайваста саҳми худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg