
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, роҳандозӣ намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар сатҳи маҳал дар ташкилоти ибтидоии «Симолӣ»-и деҳаи Дастгираки поёни Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов бо иштироки фаъолони маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони намояндагони ҳизбӣ оид ба ободонии маҳал, тозаву озода намудани хонаву дар, кӯчаҳои аҳолинишин, саҳм гузоштан дар корҳои созандагии деҳа, тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ, аз байн бурдани фарҳанги бегона, тарбияи дурусти фарзанд, пешгирии хушунатҳои оилавӣ нисбати келинҳо ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаронӣ карда шуда, таъкид гардид, ки сарфаву сариштакорӣ ба зиндагии сокинон файзу баракат оварда, дар баланд шудани сатҳи зиндагӣ мусоидат хоҳад намуд.