ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ин навбат кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Ширинком”- и ҷамоати деҳоти Лоҳур хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор намуданд.
Дар хониши сиёсӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия вобаста ба таърихи таъсисёбии ҲХДТ дар тӯли 25 соли фаъолияташ ҳамчун ҳизби пешбарандаи ҷомеа суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҲХДТ санаи 10 декабри соли 1994 таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки мақсаду ҳадафҳояш барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ҳуқуқбунёд ва ягонаи Тоҷикистон мебошад.
Имрӯзҳо, ки мо дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ қарор дорем, бояд Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон корҳоеро ба сомон расонад, ки тавассути он боварию эътимоди мардумро ба худ зиёд гардонда, дар маъракаҳои сиёсӣ вакилони арзандаро интихоб намоем.