ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати молия”-и ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ баргузор гардид.
Масъулин зимни суҳбат дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати қувваи корӣ ба давлатҳои хориҷа, ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ, омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ- интихоботи соли 2020, суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон баҳри баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» доир карда шуда, бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии мазкур ба ятими мактаб - интернати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳия Абдуалимов Абдулло хонандаи синфи 4-ум сару либоси зимистона туҳфа карда шуд.