БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ СИЁСИРО МЕХОҲАД

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Нозироти андоз”-и ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ бо намояндагони ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.

Мулоқот аз ҷониби  масъулин дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»,  адо намудани қарзи фарзандии ҷавонон - хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба истиқболи сазовори  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва  маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи соли 2020, сухан гуфта шуда, таъкид  гардид, ки  иштироки фаъолона дар интихобот аз ҳар яки мо масъулияти баландро талаб менамояд.

Дар охир байни кормандони ҳизбӣ ва иштирокдорон суҳбату муколлама сурат гирифта, намояндагони ҳизбӣ ба суолу дархостҳои ҷамъомадагон ҷавобҳои саҳеҳ гардониданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg