А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мусаллам аст, ки баланд бардоштани сатҳи маънавиёти сокинон ба корҳои таблиғотию ташвиқотӣ вобаста аст. Бешубҳа анҷоми ин амалҳо имконият фароҳам меорад, ки мардум ба масъалаҳои худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва ободкорию созандагӣ бештар ҷалб гарданд.
Бо дарназардошти ин, дирӯ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар маҳаллаҳои Саъдӣ Шерозӣ ва Гулободи ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсов хониши сиёсиро дар сатҳи баланди сиёсию оммавӣ баргузор намуд.
Мавсуф дар суҳбат иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, миллати фарҳангсолори тоҷик дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ, ба дастовардҳои бузург ноил гардид. «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат буда, он ҳуввияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.
Инчунин, дар идома зикр гардид, ки ба туфайли Истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик пояҳои фарҳанги миллиро устувор намуда, беҳтарин арзишҳои фарҳангии худро аз нав барқарор кард.