БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ТАШАББУСКОРИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР»

ҶайҲун.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Сайдалӣ Вализода» бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Бекмамадов Асалмамад дар рафти чорабини вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханронӣ намуда, кайд карданд, ки оғози асри ХХI барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон давраи пешниҳоди ташаббусҳои наҷибона, ки заминаи амали рушди устувори кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ба ҳисоб меравад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тавассути кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ устуворона мавқеи хешро дар арсаи байналмилалӣ бештар тақвият дода, дар баробари он сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти фарҳангию маънавии кишвар ба сатҳи сифатан нав инкишоф меёбад.

Даҳсолаи мазкур ташаббус ва иқдоми бузурги башардӯстонае ба шумор меравад, ки дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори ин иқдом боло мебарад.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028”, дар ҳамбастагӣ бо дигар ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба об мавқеи хос ва нақши пешбарандаи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об инъикос намуда, эътироф гардидани Тоҷикистонро аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун мамлакати пешсаф дар ин самт муаррифӣ менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg