ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Хониши сиёсии ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи фарҳанг” бо иштироки намояндагони ҳизбӣ гузаронида шуд.
Аз баромад масъулин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҳарф зада, гуфтанд, ки фаъол гардонидани аҳолӣ барои пешгирӣ аз бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона ба хотири ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои рушди фарҳанги миллӣ ва урфу одатҳо корҳои тарғиботиро бештар ба роҳ монем.
Барои рушди фарҳанг ва аз байн нарафтани урфу одати неки аз гузаштагон ба мо меросмонда ҳамасола бо иштироки васеъи мардум чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ва ҷашну маросимҳо доир мегардад. Дар ин чорабиниҳо бисёре аз анъана ва урфу одат ва маросимҳои мардумӣ аз нав эҳё мешаванд.
Сипас, дар асоси талаботи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии ташкилоти ибтидоӣ ба ҷавони ниёзманд ва дӯстдори санъати миллӣ Фаррух Комилов кумаки молиявӣ расонида шуд.