ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади ҳарчи бештар тақвият бахшидани робитаи ҳизб бо сокинон вохӯрии навбатӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 –и Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Зимни баргузории хониши сиёсӣ масъулин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, омодагии ҳамаҷониба ба маъракаҳои муҳими сиёсии интихоботҳои дарпешистода ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ суханронӣ намуда, иштирокдоронро барои аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ,баланд бардоштани савияи дониш ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои олии кишвар ҳидоят карданд.