БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Навобод” – и Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқлъаи ноҳияи Кӯшониён Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва мулоқот бо иштироки намояндагони ҳизбӣ  баргузор гардид.

Масъулин дар суҳбат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб фикру андешаҳои хешро баён дошта, ҷамъомадагонро ба дӯст доштани Ватан, расидан ба қадри сулҳу суботи кишвар раҳнамоӣ карданд.

Дар қисмати амалии  чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ як нафар маъюби гурӯҳи 2-юм  Давлатов Ҳалим  истиқоматкунандаи  деҳаи мазкурро аёдат карда бо шароити рӯзгораш аз наздик шинос шуданд ва кумаки молиявӣ расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg