КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Баракат” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ сурат гирифт.
Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ баромад намуда, гуфтанд, ки мо кормандони соҳаи маориф, сиёсати маорифпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳсос карда, бо ҳизби пешоҳанги мамлакат - ҲХДТ ҳамкорӣ намуда, барои обрӯ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа ҳамеша талош менамоем.
Сипас, зикр гардид, ки иситиқлолият, ваҳдат ва дигар муқаддасоти миллӣ арзишҳое ҳастанд, ки асосӣ пойдорӣ ва оромию осудагии ҳар як халқу миллат мебошад. Дар ин замина барои устувории пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ моро зарур аст, ки пайваста саҳми худро гузорем.