КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Парвин” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ иштирок намуда, иброз карданд, ки мусаллам аст, таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Зеро дар замони бархӯрди тамаддунҳо ва муқовимат ба даъвату таззодҳои муосир, насли ҷавон ягона василаи устувор ва сарватест, ки метавонад дар раванди инкишофи худ ба муваффақият ноил гардад. Агар ба таърихи даврони Истиқлолият ба дастомада назар афканем, муайян мегардад, ки нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа аввалиндараҷа буда, онҳо чун занҷири пайвасткунанда қарор доранд.
Мавсуф таъкид намуд, ки баҳри таҳкими сулҳу субот ва осоиштагии ҳаёт ва ҷомеа насли ҷавонро бояд дар роҳи хештаншиносӣ тарбия намоем. Бесарусомониҳои дар бархе аз давлатҳои ҷавон гувоҳ бар он аст, ки мо бояд Ваҳдати ба даст омада ва Истиқлолияти ба ҷон баробари худро чун гавҳараки чашм қадр ва эҳтиром кунем ва ҷавононро низ дар ҳамин руҳия талқин созем.