КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ин навбат кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади баргузор намудани хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи "Ҳилоли Аҳмар" бо иштироки сокинон вохӯрӣ гузаронида шуд.
Нахуст, зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори туризм дар Тоҷикистон солҳои 2019-2021 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки ин ҳама андешидани тадбирҳои лозима ба хотири боло бурдани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Воқеан, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.