ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи иҷтимоӣ”-и ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТбаргузор гардид.
Намояндагони ҳизбӣ зимни андешаронӣ оид ба таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии бемории сироятии ВНМО, муқовимат бо коррупсия, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳарф заданд.
Инчунин, масъулин қайд карданд, ки бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва фанои ҷанги сард низоми нави ҷаҳонӣ ташаккул ёфта, тақсимоти нави ҷаҳон ба миён омада, дар арсаи байналмилалӣ муносибатҳои давлатҳои абарқудрат оид ба тақсимоти ҷаҳон хело тезу тунд гардиданд.
Бо истифода аз ин барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ ҳама гуна усулҳо, экстремистиву террористӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Ин гуна гурӯҳҳо даст ба амалҳои ғайриқонунӣ зада, тавассути зӯрӣ “ҳал намудани масъалаҳо”- ро ихтиёр кардаанд.
Сипас, дар охир самтҳои дигар афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ҳамагон барои муборизаи дастаҷамъона барзиди зуҳуроти номатлуб ҳидоят карданд.