БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ДАР РУҲИЯИ БАЛАНДИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ ҲХДТ

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ баҳри татбиқи амалии он Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и маҳаллаи Мирзо Турсунзода вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ доир гардид.

Дар он намояндагони ҳизбӣ  бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби  ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ изҳори андеша карданд.
Зимнан гуфта шуд, ки занони бофарҳангу боирода фарзандони худро  аз овони кӯдакӣ ба хизмати ҳарбӣ  барои ҳимояи марзу буми Ватан ва саҳмгузорӣ дар раванди ободонии сарзамин омода мекунанд. Дар ҳар хонадоне, ки зан -модар соҳибмаълумоту ташаббускор бошад, ҷавонон бо амри дилу виҷдон, ихтиёран баҳри адои хизмати Ватан-Модар камари ҳиммат мебанданд.
Сипас, дар идома даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаи тақвияти худшиносӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии ҷавонон этибори хоса диҳанд. Танҳо тарбияи дуруст ва бо илму фанҳои замона ба таври бояду шояд фаро гирифтани ҷавонон метавонад дар муқобили гаравиши онҳо  ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ ва саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ сипари боэътимод гардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg