Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба таҷлили 25- солагии рӯзи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар ташкилоти ибтидоии «Хушанг» мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Мизи мудавварро намояндагони ҳизбӣ ҳусни оғоз бахшида,
дар бораи таърихи нишони давлатӣ ҳамчун арзиши волои давлату миллат маълумоти муфассал дода, зикр карданд, ки яке аз арзишмандтарин муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, баёнгари соҳибистиқлолӣ ва ифтихор аз давлатдориро дар худ таҷассум намудааст.
Сипас, дар идомаи сухан масъулин дар вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки дар он масъалаҳои мубрами рӯз инъикос ёфтаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.