БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ СИЁСИРО ТАҚОЗО МЕКУНАД

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» -и ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», адо намудани қарзи фарзандии ҷавонон -хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, омодагӣ ба истиқболи  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, маъракаи сиёсии дарпешистодаи интихоботи соли 2020 андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои анҷоми амалҳои созанда баҳри рушду шукуфоии Ватан ҳидоят намуданд.

Сипас, дар қисмати амалии чорабинӣ Аксияи ҳизбӣдоир карда шуда, бо дастгирии  ташкилоти ибтидоӣ ба1 оилаи ниёзманди ҷомеа кумаки молиявӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg