БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБГАРИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА БА МАНФИАТИ МАРДУМ АСТ

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ»-и ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», пешгирии касалиҳои сироятӣ ба монанди ВИЧ/СПИД, Гепотит, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, адо намудани қарзи фарзандии ҷавонон-хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба пешвозгирии ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, маъракаи сиёсии дарпешистодаи интихоботи соли 2020, пешбарии вакилон ба Конференсияҳои ҳизбӣ андешаронӣ карда шуд.

Ҳамзамон дар дар ин раванд баҳри дастгирии оилаҳои ниёзманд Аксияи ҳизбӣ баргузор гардида,   ба оилаи ниёзманди ҷомеа Сулаймонова Райҳона бо дастгирии ташкилоти ибтидоӣ  кумаки молиявӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg