БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ҒАНӢ ГАРДОНИДАНИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ НАҚШИ ДЕҲҚОНОН НАЗАРРАС АСТ

Н. ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии    деҳаи  “Наврӯз”-и  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯзаи  ноҳияи  Носири  Хусрав  оид  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҳизб хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид.

Масъулин  дар  қисмати  сиёсии  чорабинӣ   оид  ба  сиёсати  хирадмандонаю  созандаи  Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳанӯз  аз  рӯзҳои  аввали  Сарвари  давлат интихоб шуданаш  бо  мақсади  паст  кардани  шиддати  камбизоатӣ, рушди  минбаъдаи  иқтисодиёти  кишвар   75 ҳазор  га. замин  ба  деҳқонон  сокинони  деҳоти  кишвар  тақсим  карда  доданд, имрӯзҳо ҳамчун заминҳои  бо  ном  Президентӣ  дар  байни  сокинони  деҳот ном бурда мешавад.

Ин  аз  он  гувоҳӣ  медиҳад, ки  деҳқонону  кишоварзон  пеш  аз  ҳама  зиндагии  худро  беҳтар  гардонида, дар  ғанӣ шудани  бозори  истеъмолии  кишвар нақши  худро   гузошта, дар  татбиқи  яке  аз  ҳадафҳои  стратегии  давлату  Ҳукумат- ҳифзи  амнияти  озуқавории кишвар  саҳми  босазои  худро  гузошта  истодаанд.

Дар  доираи  Аксияи  ҳизбии  “Якҷоя  ҳал мекунем!”  аъзои  ташкилоти  ибтидоии  деҳа бо  мақсади   амалӣ  гардидани ташаббусҳои  глобалии  Сарвари  давлат  -Даҳсолаи  байналмилалии  амал, “Об  барои  рушди  устувор  2018- 2028”  дар  деҳа, ки сокинон  аз  оби  ошомиданӣ  мушкилот  доштанд,  қубурҳои  обгузар кашида  ба  истифода  дода  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg