ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Коху»-и ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоӣ бахшида ба 27-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар баргузории хониши сиёсӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд, ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ дар арафаи маъракаҳои дарпешистода, ҳамзамон таълиму тарбияи фарзанд ва шомил нагардидани онҳо ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистӣ ибрози андеша карда шуд.
Дар охир барои дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани маъракаҳои дарпешистодаи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳру тавсияҳо дода шуд.