БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФТИХОР АЗ ПРЕЗИДЕНТИ ХУД МЕКУНЕМ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Ваҳдат»-и ҷамоати деҳоти Фахробод  таҳти унвони «Мо пайравони Пешвои миллатем», бахшида ба 27-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25- солагии таъсисёбии ҲХДТ  чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимни суханронии худ мавсуф аз таърихи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҳамчун иҷлосияи тақдирсози миллат ва кору пайкори ҲХДТ дар таҳкими сулҳу суботи кишвар андешаҳои хешро баён дошт.

Сипас, дар идома самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва хизматҳои бепоёни Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба даст овардани сулҳу салоҳ ва Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша карда шуд.            

Дар охир иштирокчиён нисбати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани маъракаҳои дар пешистодаи интихоботиМаҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, тарбияи  ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳамзамон пешгирии онҳо ҳангоми кор бо шабакаҳои интернетӣ дар пешорӯи маъракаҳои интихоботӣ ҳидоят гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg