ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ориёнбонк” хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.
Намояндагони ҳизбӣ зимни баромад оид ба вохӯрии Сарвари давлат бо кормандони соҳаҳои молия, андоз ва бонкдории кишвар, ки 10. 05. 2019 баргузор гардид, суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои дохилию берунӣ, инчунин ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набудани идораи як қатор бонкҳо ва ба таври зарурӣ ба роҳ намондани назорат вазъи умумии низоми бонкӣ дар кишвар буҳронӣ гардид. Барои таъмин намудани рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ба низоми бонкии кишвар ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис аз 80 то ба 50 миллион сомонӣ кам карда шуд. Ба ҳолати 31. 12. 2018 бақияи умумии пасандозҳои низоми бонкӣ қариб 10 миллиард сомонӣ ва даромади пулии аҳолӣ беш аз 41 миллиард сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба соли 2009 мутаносибан 3,7 ва 3,8 баробар зиёд мебошад.
Инчунин, дар ин раванд самтҳои дигар афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар суҳбат баррасӣ карда шуда, аз иштирокдорон ҷиҳати хизмати содиқона ба халқу Ватан намудан даъват ба амал оварда шуд.