БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИЗОМИ БОНКӢ ДАР РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ КИШВАР НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Агроинвестбонк”  хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Дар суҳбат  қайд карда шуд, ки Пешвои миллат дар мулоқоти худ ба кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ  ва бонкҳои ҷумҳурӣ таъкид карданд, ки бо риоя нагардидани принсипҳои идоракунии корпоративӣ ва сатҳи пасти донишу таҷрибаи мутахассисони соҳаи бонкдорӣ ба коста гардидани эътимоди аҳолӣ нисбат ба низоми бонкӣ замима гузошт. Мувофиқи маълумоти оморӣ то оғози буҳрони бонкӣ, яъне соли 2014 дар кишвар 137 ташкилоти қарзӣ вуҷуд дошт ва то соли 2018 шумораи онҳо то 79 адад расид. Пешвои миллат таъкид карданд, ки иҷрои саривақтӣ ва сифатноки қисми даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ, истифодаи шаффофу самараноки маблағҳо, таъмини устувори пули миллӣ, баланд бардоштани пардохтпазирӣ ва эътимоднокии низоми бонкӣ ва бехатарии низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони бахши иқтисодӣ мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg