БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ РӮЙДОДИ НАНГИН ВА ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар  ташкилоти ибтидоии «Обшорон»-и Ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ баргузор гардид.

Дар суҳбат  масъулин оид ба масъалаи ташаккул додани мафкураи зиддикорупсионӣ сухан ронда, қайд намуданд, ки имрӯз амалҳои коррупсионӣ (фассодкорӣ) рӯйдоди нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеа, вазифаи нафақат моқомоти давлатӣ, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Бо дарки маънӣ ва ҳисси масъулият сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро барои бартараф кардани ин падидаи номатлуб равона созанд.

Мавзӯи дигари суҳбат сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда,   мову шуморо зарур аст, ки фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва содиқ будан ба Ватану миллат тарбия намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg