ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Панҷ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии «Ободон»-и ҷамоати деҳоти Меҳвар сурат гирифт.
Мулоқот бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизб атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб рохандозӣ гардида, дар он оид ба ҳадафҳои стратегии кишвар- истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва бо ин мақсад гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ андешаронӣ гардид. Инчунин, қайд шуд, ки амалӣ гардидани ин хадафҳои олии давлату Ҳукумат аз масъулияти ҳар як аъзои ҳизби вобаста аст.