ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар робита ба Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии «Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа»-и шаҳри Левакант хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Намояндагони ҳизбӣ зимни суҳбат оид ба рафти корҳои ободониву созандагӣ дар маҳал, саҳми ҳар як сокини деҳа дар ҳашару корҳои дастаҷамъона, сафарбар гардидани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба зинаи сеюми таҳсил фаро гирифтани духтарон, ба ҳунармандию ҳунаромӯзӣ ҷалб сохтани занону духтарони бекор сухан гуфтанд.
Дар рафти суҳбат инчунин, вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, расонидани моҳияти Аксияи амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карда, ҳозиринро ба ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланд доштан дар фаъолияти ҳизбӣ талқин намуданд.