БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ТАҲДИДИ ХАТАРНОКИ ЗАМОНИ МУОСИР

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “СЭС” хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.

Дар вохӯрӣ оид ба мафҳуми “экстремизм” ва “терроризм”, сабабҳо,  омилҳо ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни мазкур мепайванданд, таҳлили комили таснифоти терроризм, мубориза бар зидди он, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ин вабои аср баромад намуда, қайд карданд, ки бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва фанои ҷанги сард низоми нави ҷаҳонӣ ташаккул ёфта, тақсимоти нави ҷаҳон ба миён омад.

Бо истифода аз ин барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро  ҳама гуна воситаҳо, аз ҷумла усулҳои экстремистиву террористӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Ин гуна гурӯҳҳо даст ба амалҳои ғайриқонунӣ зада, тавассути зӯрӣ “ҳал намудани масъалаҳо”- ро ихтиёр намудаанд.

Дар гӯшаю канори гуногуни олам қариб кишваре ва ё минтақаеро дарёфт кардан мумкин нест, ки аз амалҳои террористӣ ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошад. Махсусан дар даҳсолаи охир терроризм дар шаклҳои бадтарин зуҳур карда, бештар даҳшатнок гардидааст.

Дар охир самтҳои дигари афзалитноки фаъолияти ҲХДТ ба дарки ҳамагон расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg