БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУНАРМАНД ҲАРҶО БУВАД САРФАРОЗ..!

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баргузории хониши сиёсӣ ва таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар муассисаи давлатии Литсейи касбии саноатию кишоварзии ноҳияи Ёвон бо иштироки коллективи муҳандисию омӯзгорӣ вохӯрӣ баргузор гардид. 

Дар мулоқот аз ҷониби масъулин роҷеъ ба арзишҳои миллӣ,  эҳтиром гузоштан ба арзишҳои башарӣ, тарбияи дурустӣ ҳунарҷӯён, назорати ҳаматарафаи онҳо дар вақти таҳсил ва иқомат дар хобгоҳ ва хонаҳои иҷоравӣ, соҳибкасб намудани донишҷӯён, бештар баргузор намудани маҷлисҳои падару модарон, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз гурӯҳҳои ифротгаро андешаронӣ намуда,  ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, аз бар намудани касбу ҳунарҳои мардумӣ раҳнамоӣ карданд.

Дар охир дар назди Литсейи мазкур ташкилоти ибтидоии «Ҳунармандон» таъсис дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg