БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АБДУСАЛОМ ОДИНАЗОДА ХОСТГОРИ ЗИНДАГӢ ДАР АНТАРКТИДА ШУДААСТ!

ВОКУНИШ. Абдусалом Одиназода бо риши давидаю мӯи жулида аз зиндагӣ дар Австралия дилгир шуда, хостгори зиндагӣ дар Антарктида шудааст. Агар бовар намекунед, марҳамат охирин суҳбати ӯро метавонед дар саҳифаи иҷтимоияш дар «Ютуб» пайгирӣ намоед ва аз суҳбатороию масъалагузориаш дар мавриди сиёсати имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳатман хулоса хоҳед кард, ки ӯ аз зиндагӣ дар сайёра, бахусус Австралия хеле дилгиру дилмонда шудааст. Агар не, чаро дар мавриди сиёсати имрӯзаи тамоми давлатҳои рӯи замин гиламанд ҳасту ҳатто зиндагии мухолифини тоҷикро дар Аврупо зери тозиёнаи танқид кашида, дилмонда шуданаш аз зиндагиро дар замин инкор намекунад!

   Фаъолияти ин дингаро ва фитнагар, ки сиёсатро дар қолаби дини мубини ислом ҷойгузин сохтаву аз тоҷик буданаш  фаромӯш сохтааст, исботи он аст, ки мақсаду ҳадафи нопоку дур аз ҳуввияту худшиносии миллӣ дорад. Зеро рӯ ба рӯи дурбин ҳаводиси охири Тоҷкистонро дар мавриди ҳамлаи ғофилгири аъзои ташкилоти террористию экстремистии ДОИШ дар дидбонгоҳи сарҳадии Ишқобод таҳлилу баррасии сарсарӣ кардану аз онҳо қаҳрамонтарошӣ намудан ва ҳамзамон ҳамлаи лафзии ин шахси худфаромӯшсохта нисбати ибораи барои мо муқаддаси тоҷик бозгӯи он аст, ки дар замири ин шахси жулидамӯи гумроҳгардида заррае нисбати миллату давлат эҳсоси эҳтиром нест. Ва, ҳатто ибораи ёдрасшудаи «мо тоҷикҳо одам набудему нестем» ҳар як шахси ватандӯстро ба фикр кардан водор сохта, бори дигар моро ба масъулияти бузурги ватандӯстию ватансозӣ тақвият медиҳад. Мо ин суханро на ба миллат балки бу худи ӯ тавъам медонем. Зеро, чун шахс аз гузаштаи худ фаромӯш сохт, ба кадом ҳол метавон ӯро бовар кард?  Фикр мекунам, зарурати ҳамаҷониба таҳлилу пайгирӣ намудани  ҳамлаи лафзии ин хоин ба миён омадааст, то тамоми мардум чеҳраи манфури ӯро аз наздик бишносанд. Бояд мардуми Тоҷкистон ҳама огоҳ бошанд, ки оё Абдусалом Одиназода аввалан аз инсон тавлид шудааст ё аз ягон ҳайвон? Дуввум оё ӯ дар ҳақиқат тоҷик ҳаст ё аз ягон миллати дигар! Шояд хонандаи азиз маро ба миллатчӣ буданам муҷрим донад. Вале андешаи ман ба маънии миллатчӣ буданам нест ва банда ба ҳама миллатҳо эҳтиром дорам ва дар як вақт ягон кас ҳуқуқи паст задани миллати манро надорад.

    Ҷойи дигар ин худбезору худобезор, ки аксар суҳбатҳояшро бо калимаи «астағфуриллоҳ» рангу тобиш медиҳад, ҷомеаи ҷаҳониро аз дидгоҳи худаш бо назари  дур аз ҳақиқату инсоф ва одаму одамгарӣ маънидод мекунад.  Вале боре андеша намекунад, ки худи ӯ узви ҷомеаи ҷаҳонист ва аҳли сайёра аз дасти чунин афроди пастназиру риёкор дар азобанд.  Ҳатто ношармида давлатҳои ғайримусулмониро, ки худи ӯ дар яке аз онҳо имрӯз кору зиндагӣ дорад, зери тозиёнаи танқид гирифта, ба ибораи ӯ мардуми мусулмон аз ҷабру ситами сиёсатмадорон ва давлатҳои ғайримусулмонӣ нафаси роҳат надоранд. Дар тасаввури ақли солим мечархад, ки ӯ  ҳамчун мусулмон (бовар надорам, ки мусулмон бошад) оё дар давлати Австралия зери хушунату таҳқир қарор гирифтааст, ки аз зиндагӣ шикоят карда, дар ин танишҳои сиёсӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба қавле «гунаҳгор» меҳисобад?

   Миёни мардуми мо як зарбулмасали хуби тоҷикӣ машҳур аст, ки ҳар ҷо намак хурдӣ онро бояд пос дошт. Ин тангназари бадгуҳар ҳатто нону намаки кишвари Австралияро, ки дар ин мамлакат кору зиндагӣ мекунад бо ин алфози қабеҳу сиёсатбозии манфуронааш пос намедорад. Ва воқеан, шахсе, ки миллат, волидайни худро инкор месозад чӣ гуна  арзишҳои фарҳангию умумимиллии дигар кишварҳо метавонад эҳтиром созад!

   Умдатан  миллат ва давлати Тоҷикистон дигар ба чунин шахсони манфуру риёкор эҳтиёҷ надорад. Чун «оғо»-и Абдусалом Одиназода аз кору зиндагӣ дилмонда шудааст, хас каму ҷаҳон пок! Пешниҳод мекунем, ки бигузор дар Антарктида миёни ҳайвоноти қутбӣ, ки ба сардию сахтӣ одат кардаанд, рафта кору зиндагӣ кунад. Шояд он ҷо ақл ба сараш даромада аз одам буданаш эҳсос кунад, гарчанде ки ба ин боварам нест!

Толибҷон Назарзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg