БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС ДАР ТЕМУРМАЛИК

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳияи Темурмалик Конференсияи 13-уми  ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар Конференсия узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Аминзода  Фотеҳи  Файзулло  иштирок ва баромад намуд.

Дар Конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷроия аз моҳи майи соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019, ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ аз моҳи майи соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019, интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроия, интихоби ҳайати нави Комиссияи тафтишотӣ, интихоби вакилон ба Конференсияи 12 – уми  ҲХДТ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар охир  фаъолони ҲХДТ, ки дар татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб саҳми назаррас гузоштаанд, бо  Сипосномаи  Кумитаи иҷроияи  вилоятӣ  ва  ноҳиявӣ  сарфароз гардонида шуда,  14  нафар  ба  ҳайси  вакилони  Конференсияи  12-уми   вилоятӣ  интихоб  гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg