БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО НАСЛИ НАВРАС СУДМАНД ГУЗАШТ

БОХТАР. Дар доиари Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 вохӯрии судманд доир намуданд.

Дар он муовини раиси шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Насриддин, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Забирзода Қурбонбӣ, омӯзгорон ва хонандагони муассисаи мазкур иштирок доштанд.

Дар суҳбат намояндагони ҳизбӣ дар бораи таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон андешаҳои хешро баён дошта, афзуданд, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи илмомӯзии наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи махсус доранд. Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимӣ барои саводомӯзӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Омӯзгорони баландихтисос, техника ва технологияи нави замонавӣ,  синфхонаҳои гарму барҳаво аз ҷумлаи шароити муҳайёнамудаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои насли созандаи даврон аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg