ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Ёвон конференсияи назариявӣ таҳти унвони «Аз дирафши Ковиён то Парчами миллӣ» бо иштироки доираи васеи ҷавонону омӯзгорон баргузор гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроия атрофи мақому манзалати ин муқаддасоти миллӣ андешронӣ намуда, ба як чанд нафар донишҷӯёни фаъоли коллеҷ сипосномаҳои ҳизбӣ тақдим карданд.