БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ОБОДОНИИ ВАТАН- МО ҲАМА МАСЪУЛЕМ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳрак”-и ноҳияи Қубодиён  хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар бунёди  ҷомеаи шаҳрвандӣ”  бо иштироки  масъулони Кумиати иҷроияи нноҳиявии ҲХДТ  доир карда шуд.

Дар мулоқот қайд гашт, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳисси  масъулиятнокии ҳимояи марзу буми Ватан, риояи бечуну чарои қонунгузорӣ хеле муҳим аст.

Таъкид шуд, ки дар ҳолати дарки масъулияти ҳар фард дар ҷомеа   метавон ҷомеаи комил бунёд намуд.  Даъват ба амал оварда шуд, ки барои амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар самти  ободонии маҳал ҳамагон бояд саҳмгузор бошем.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg