![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20191125_111950.jpg?itok=MOZMMceK)
МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Бӯстон»-и Ҷамоати деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод хониши сиёсӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ ҷиҳати дастгирӣ ва саҳмгузорӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, ҳамагонро ба иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ даъват карданд.