ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи ҲХДТ ва шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти он бо иштироки намояндагони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Баҳористон” вохӯрии судманд доир гардид.
Масъулон дар баромадашон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки вазъи чаҳони муосир талаб менамояд, мо мардуми сарбаланди тоҷик ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем ва зери сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири сулҳу оромӣи ва шукуфоии диёр муттаҳид бошем. Пеши роҳи ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил шудани ҷавононро гирифта, онҳоро ба роҳи созадагиву ободонии Ватан ҳидоят намоем. Чунки ҷавонон ояндаи давлату миллат буда, пешравии диёр аз онҳо вобастагии калон дорад.