БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТИ ПИРОНИ РӮЗГОРДИДА ВОҶИБ АСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва маъмурияти муассисаи таълимии №6 ба аёдати собиқадори соҳаи маориф Аҷикуло Икромов рафта, аз ҳолу аҳвол ва шароити рӯзгори ин пири хирад аз наздик шинос шуданд.

Аҷикуло Икромов солҳои дароз дар соҳаи маорифи шаҳр фаъолият карда, беш аз 20 сол вазифаи сарварии муассисаи таълимии №6-ро ба уҳда дошт. Намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат изҳор доштанд, ки ин иқдом пайваста сурат гирифта, аёдати пирони кор аз як тараф арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо, аз ҷониби дигар василаест, ки дар тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ва ба меҳнати софдилона талқин намудани онҳо нақши муҳим хоҳад дошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg