БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШУКРИ ОБУ ХОКИ ВАТАН МЕКУНЕМ!

КӮЛОБ. Дар доиари Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Зарбдор-2” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлиси ҳизбӣ гузаронида шуд.

Дар ин маҷлис намояндагони ҳизбӣ иштирок намуда, иброз карданд, ки мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем,  онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмиллалӣ барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

Дар охир иштирокдорон зикр намуданд, ки самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам зеботар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg